Дар се моҳи соли ҷорӣ Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 5 ҳазору 140 нафар кас мақоми бекор додаанд, ки аз онҳо бештар аз 3 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзалзода зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ба Раёсат ва ва шуъбаву бахшҳои он дар се моҳи соли 2021-ум  11 ҳазору 271 нафар муроҷиат карданд, ки аз онҳо 8 ҳазору 958 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд.

– Аз нафароне, ки дар ин давра муроҷиат карданд, ба 5 ҳазору 140 нафар мақоми бекор дода  шудаст, ки аз онҳо 3 ҳазору 3 нафар зан ҳастанд, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мудат 5 ҳазору 523 нафари бекор бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд, ки аз ин шумора 547 нафарашон тариқи квота мебошад.

– Дар баробари бо ҷойи кор таъмин шудани сокинон боз 2 ҳазору 79 нафар, ки аз онҳо 1 ҳазору 427 нафарашонро занон ташкил медиҳагд, ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд, – зикр кард номбурда.

Қобилҷон Файзалзода илова кард, айни замон дар вилоят  2 ҳазору 100 ҷойи кории холӣ мавҷуд мебошад, ки хоҳишмандон метавонанд муроҷиат кунанду соҳиби ҷойи кор шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь