Дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо 204 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ноҳияи Фархор дар зинаи аввал, Абдураҳмони Ҷомӣ дар зинаи дуюм, шаҳри Кӯлоб дар зинаи сеюм, Кӯшониён дар зинаи чорум ва ноҳияи Панҷ дар зинаи панҷум қарор доранд.

Аз шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 950 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 793 ҳолат  бештар аст.

Ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Вахш баробар буда, дар ноҳияи Данғара 5 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ дар қиёс ба соли 2020 кам мебошад, гуфтанд аз раёсати мазкур.

Байёнзода Нигина, мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархор, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, ки дар ноҳия дар ин давра 204 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин нисбат ба 11 моҳи соли 2020-ум 117 ҳолат зиёдаст.

– Аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 193 ҳолати он бо қарори суд ва 11 ҳолати дигар бо розиигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, бекор карда шудааст, – илова кард ӯ.

Омилҳои пошхирии оилаҳро ин шахси масъул чунин арзёбӣ кард: “Аз 204 оилае, ки ақди никоҳи худро бекор карданд, 78 нафарашон барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба ин кор даст задаанд, аммо онҳо дар асл бо ҳам зиндагӣ доранд. Ҳамчунин, 47 ҳолати бекоршавӣ ба хотири бефарзандӣ ва 68 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ бо сабабҳои муноқишаи оилави мебошад”.

Ба иттилои манбаъ баъди пош хурдани 204 оила дар ноҳиия Фархор, 280 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд, ки аз он 272 кӯдак дар тарбияи модаронанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь