Тайи чанд рӯзи охир сокинони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон аз қатъ шудани барқ шикоят карда гуфтанд, ки шабона аз соати 21-22 то субҳ барқ надоранд.

Сокинони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён зимни суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, се рӯз  мешавад, ки шабона барқ надоранд. Ҳамчунин, даҳҳо нафари дигар дар шабакаҳои интернетӣ аз қатъ шудани барқ шикоят карда гуфтанд, ба назар мерасад, ки дар интиқоли брақ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Раҷабалӣ Бояков, як масъули ФҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар рӯзи 8 феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки агар ҳаво боз сард шавад, дубора маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ хоҳад шуд.

“Аз руи ҳисобу китобҳои мо оби обанбори Норак ҳар рӯз 50 сантиметр кам  мешавад. Агар боду ҳаво сард ояд, яъне -5  ё -10 градус шавад, эҳтимоли дубора ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ дар назар аст.”, – илова кард Р.Бояков ва гуфт, ки бо сард шудани ҳаво истифодаи қуаваи барқ зиёд мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь