Дар вилояти Хатлон давоми ду моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 883 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.  Ҳоло  дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят 3 ҳазор ҷойи кори холӣ мавҷуд мебошад.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода ба “Фараж” хабар дод, ки дар ду моҳи соли 2023-юум ба мақомоти Агентӣ 4 ҳазору 875 нафар муроҷиат карданд. Аз онҳо  4 ҳазору 436 нафарашон ба қайд гирфита шуда, ба 2 ҳазору 79 нафарашон  мақоми бекорӣ дода шуд. Ҳамчунин, 2 ҳазору 883 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Ба иттилои ӯ, аз соли 2021 то инҷониб дар қайди Агентӣ 23 ҳазору 687 нафар ҳастанд, ки аз онҳо 16 ҳазору 283 нафарашон бекоронанд.

– Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 100 маротиба намоиши ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 1 ҳазору 27 каси дигар бо ҷойи кор таъмин гаридаанд, – илова кард Қ.Файзализда.

Гуфта шуд, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ ба 194 нафар ба маблағи 156 ҳазору 700 сомонӣ кумакпулӣ дода шудаст.

Мафсуф қайд кард, ки айни замон дар вилояти Хатлон  3000 ҳазор ҷойи кории холӣ мавҷуд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь