Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми ду моҳи соли 2024-ум 14 ҳазору 111 ҳолати таваллуди зинда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 852 таваллуд зиёд аст.
Директори маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон Гулбаҳор Зарифова гуфт, ки соли 2023-юм дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 259 таваллуд ба қайд гирифта шуда буд.
– Дар ду моҳи соли ҷорӣ бошад 14 ҳазору 111 нафар кӯдак ба дунё омадааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 852 таваллуд зиёд мебошад,-илова кард ӯ.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар ин давра фавти модарон ҳангоми таваллуд кам гардидааст. “Дар ду моҳи соли равон 4 ҳолати фавти модар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ду моҳаи соли гузашта 2 ҳолат кам мебошад.”-афзуд Гулбаҳор Зарифова.
Блоки рекламавӣ