Дар бозору фурӯшгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи тухми мурғ ба таври рекордӣ боло рафт, ки масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон омили онро болоравии нархи қувваи барқ, гарон шудани нархи ғизои паранда, хурӯҷи бемории сироятӣ ва дигар сабабҳо арзёбӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки  афзоиши бесобиқаи нархи тухми мурғ дар Тоҷикистонро масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ   куштани мурғҳои зиёд арзёбӣ карданд. Намояндагони Вазорати кишоварзии кишвар сабаби онро болоравии арзиши ғизои паранда гуфтанд.

Фируз Юсуфзода, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон,  имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт омилҳои болоравии нархи тухми мурғро соҳибкорон ба болоравии нархи қувваи барқ дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз оғози моҳи октябри соли гузашта, афзоиши арзиши ғизои парранда, хурӯҷи бемориҳои сироятӣ дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд, камшавии саршумори паранда ва дар ин замина коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли тухм арзёбӣ кард.

Вай гуфт, аз чумла тибқи иттилои пешниҳодшуда, хӯроки парранда асосан аз хориҷи кишвар дастрас гардида, нархи 1 тоннаи он ба 1100 доллари ИМА расидааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2021 ба 650 доллар баробар буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь