Тибқи иттилои масъулони ноҳияи Вахш танҳо дар як ҷамоати ноҳия кишоварзон  дар майдони 90 гектар тути заминӣ кишт ва то имрӯз 30 тоннаи онро ҷамъоварӣ карда, ба бозорҳо баровардаанд. Аммо то ҳол нархи он дар бозорҳои вилояти Хатлон 25-30 сомонӣ аст.

Сокинони вилояти Хатлон аз гаронии нархи тути заминӣ шикоят карда гуфтанд, ки  ин маҳсулот дар вилоят  истеҳсол карда  мешавад, чаро нархаш гарон аст. Агар аз хориҷа ояд фаҳмидан мумкин аст, аммо чаро фурӯшандагони ба моли дохилӣ чунин нарх мегузоранд?

Фурӯшандагон  гуфтанд, тути заминро аз деҳқон бо нархи гарон мехаранд, маҷбуранд, ки ду-се сомонӣ изофа кунанд.

Аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш иттилоъ доданд, ки  шуруъ аз моҳи март тути заминиро аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар мебароварданд. Аз моҳи апрел бошад, ҳосили тути заминӣ аз заминҳои кушод пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

Тибқи иттилоъ танҳо дар ҷамоати шаҳраки Киров, ки яке аз минтақаи асосии парвариши тути заминӣ дар ноҳия Вахш маҳсуб меёбад, имсол дар майдони 90 гектар кишту парвариш карда шудааст.

То имрӯз наздики 30 тонна тути заминӣ ғунучин гардида, ба бозорҳои кишвар бароварда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь