Дар шаш моҳи соли 2022-юм 174 нафар мансабдор ва дигар шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои​ вилояти Хатлонро​ кормандони Раёсати шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар вилоят барои пешниҳод кардани омори бардурӯғ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки шахсони масъул ва мансабдорони ташкилоту идораҳо, ки омори бардурӯғ пешниҳод карданд, ба маблағи 70 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.​

Ҳакимзода Қурбон қайд кард, ки додани омори бардурӯғ аз ҷониби​ роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сармуҳосибон қариб​ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь