Соли гузашта аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон зиёда аз 160 пизишки маълумоти олидошта корро тарк карда, ба муҳоҷират рафтанд, иттилоъ дод сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар нишасти хабарӣ.

Раҷабзода Мирзоалӣ

Мутаассифона, ӯ сабаби тарки соҳа кардани табибон ва норасоии кадрӣ дар соҳаи тандурустии вилоятро нагуфт.

Ҳарчанд аз ӯ суол карданд, ки​ танҳо дар бораи табибони маълумоти​ олидошта, ки​ тарки касб кардаву муҳоҷир шудаанд, гуфт, аммо​ Раҷабзода Мирзоалӣ ишора кард, ки тафсилоти бештар дода намешавад.

Тарки касб кардани табибон ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо яке аз мавзӯъҳои доғ мебошад, ки сардори Раёсати тандурустии вилоят кӯтоҳ дар баромадаш қайд кард, аммо ба суолҳои дигари намояндагони ВАО ҷавоб надод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь