Рӯзҳои охир нархи як килограм картошка, ки онро нони дуюм низ мегӯянд, то ба 8 сомонӣ расидааст, ки ин вазъ аксар сокинони вилоятро нигарон кардааст.

Баъзе масъулон  омили камчиниву гаронии онро ба сардиҳои зимистон ва чангу ғубор рабт медиҳанд.

Дар бораи омилҳои болоравии  нархи картошка ва назорати он хостем бо масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон суҳбат кунем, мутаассифона, роҳбарон дар маҷлису дигар масъулони ин ниҳод  нахостанд ба мо маълумот диҳанд. Танҳо як нафар дар ин идора гуфт, омили боло рафтани нархи картошка сардиҳои зимистон ва чангу ғубори ҳаво аст. Бояд гуфт, ки ин ниҳод танзимкунандаи нарх дар бозору фурушгоҳи вилояти Хатлон аст.

Зафар Насков,  сармутахасиси Раёсати иқтисоди Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” иттилоъ дод, ки имсол дар вилояти Хатлон ҳам дар бахши ҷамъиятӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 5 ҳазору 778 гектар замин кишти картошка гузаронида шудаст, ки ин рақам нисбати соли гузашта 39 гектар кам аст. Ба гуфти ӯ, тибқи нақша бояд дар вилояти Хатлон имсол 122 ҳазору 513 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шавад.

То якуми июини соли ҷорӣ 88 ҳазору 637 тоннааи онҷамъоварӣ шудааст, ки ин 72 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

“Дар ноҳияҳои баландкуҳ – Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва дигар ноҳияҳо ҳоло ҷамъоварии картошка шуруъ нашудааст”, – афзуд Зафар Насков.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь