Аз соли 2019-ум то охири соли 2021-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 555 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд гардидаанд, ки ин аз рушди соҳаи саноат дар ин вилоят дарак медиҳад.

Аз Шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд,  ки бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёд ва сохтмони 550 адад коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша  гирифта шуда буд, ки  555 адад корхонаю коргоҳ таъсис дода шуд, 100,9 дарсадро ташкил дод.

Итилоъ доданд, ки дар соли 2021-ум дар вилоят 86 адад корхона ва коргоҳи навтаъсиси соҳаи саноат бо 1138 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь