Дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2019-ум 224 гектар ҷангал бунёд гардидааст, ки аз ин  59 га тариқи кишти тухмӣ ва 165 га бо усули шинонидани ниҳол сурат гирифтааст.

Муовини муассисаи хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Назирзода Қуваталӣ гуфт, дар баробари бунёди ҷангал 388 гектар ҷангал барқарор карда шудаст. Қайд шуд, ки ҳоло дар хоҷагии ҷангали вилоят 93 ҳазору 100 дона дарахти писта дар халтаҳои полиэтиленӣ парвариш карда мешаванд.

– Ҳамасола дар вилоят майдони ҷангал, аз ҷумла писта, зиёд карда мешавад, ки дар фаровонии бозор бо пистаи хушсифати ватанӣ мусоидат хоҳад кард, – илова кард Назирзода Қуваталӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь