Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ  16 корхона ва як коргоҳи саноатӣ  бо 196 ҷои кории доимӣ  таъсис дода шудааст.

Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки корхонаҳо ва коргоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Кушониён-4, Ховалинг-3, Левакант-3, Восеъ-2, Муминобод-1, Хуросон-1, Данғара-1 ва Бохтар-1-ададӣ ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо ба 9,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ба маблағи 2 миллиарду 539 миллиону 722 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 162,8 млн. сомонӣ, ё 105,8 дарсад, зиёд аст. Аз ин дар корхонаҳои саноатӣ 1,427 млрд., ё 56,2 %, дар соҳаи барқ 1,100 млрд., ё 43,3%, ва соҳаи обтаъминкунӣ 12,0 млн. сомонӣ, ё 0,5%, рост меояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь