Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон моҳи марти соли ҷорӣ 13 иншоот дар соҳаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки 11 адади он аз ҷониби соҳибкорон бунёд шудаанд.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Вахш маркази ташхисию табобатии хусусии “Ҷисми солим” ва ду бунгоҳи тиббӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ як бунгоҳи тиббӣ, шаҳри Кӯлоб як бунгоҳи тиббӣ, Восеъ як бунгоҳи тиббӣ, Кӯшониён як бунгоҳи тиббӣ, Қубодиён як бунгоҳи тиббӣ, Панҷ як бунгоҳи тиббӣ, Ёвон як бунгоҳи тиббӣ ва Ховалинг як бунгоҳи тиббӣ бунёд гардидаст.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Муъминобод маркази саломатии деҳот бо харҷи 408 сомонӣ бунёд гардидааст.
Ӯ афзуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар шуъбаи ҷароҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо харҷи 716797,0 сомонӣ таъмир шуда, ба истифода дода шуд.