Дар  вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли ҷорӣ  115 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки аз ин ин ҳисоб садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард – 57,1 дарсад, саноати истихроҷи маъдан – 3,9 дарсад, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ – 38,5 дарсад, хизматрасонӣ – 0,5 дарсадро ташкил медиҳад.

Қайд гардид, ки дар соли 2023 бунёд ва сохтмони 1367 бинову иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то 1-уми декабри соли равон корҳо дар 1188 иншооти ҷашнӣ ба итмом расида, ба истифода дода шуданд.

Гуфта шуд, ки бахшида ба таҷлили ҷашнӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 6260 иншооти гуногуни истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь