Дар вилояти Хатлон соли гузашта 38 иншооти соҳаи тандурустӣ азнавсозӣ ва таъмири асосӣ шуда, ҳамчунин  чанд иншооти  дигар  бунёд гардидааст, ки дар  корҳои сохтмонӣ ва навсозии онҳо  беш аз 114  миллиону 435 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Дар ин бора сардори Раёсати тандурстии вилояти Хатлон Шайдулло Шарипов дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Қайд гардид, ки  айни замон дар 14 иншоотӣ соҳаи тандурстӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Ба гуфти ӯ, дар ин сол ҳамчунин ба соҳаи тандурстии вилоят ба маблағи 41 миллиону 810 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ, таҷҳизот ва маводи муҳофизатӣ ворид карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаҳои ёрии таъҷилии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва умуман дар соҳаи тандурустии вилоят 196 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тиббӣ коршоям, 40 адад таъмирталаб, 48 адад корношоям буда, 27 нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар соли 2023-юм таъмир шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь