Беш аз 130 нафар донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва  дигар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри  Кӯлоб ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд.

Як манбаъ аз  Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон хабар дод, ки гусели 89 нафар донишҷӯёни донишкада баъди  имтиҳони хатм сурат гирифт. Гуфта шуд, ки дар маросими  сафарбаркунии донишҷӯён муовини раиси ноҳия  Қаҳҳорзода Нурмуҳаммад ректори донишкада Исозода Диловар ва дигар меҳмонон  иштирок доштанд.

Як манбаъи дигар аз шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки зиёда аз 45 нафар донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои  шаҳри  Кӯлоб пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба комисарияти ҳарбии шаҳр омарда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодони донишгоҳ, падару модарони наваскарон ва дигар шахсон иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хабар дода буданд, ки 120 нафар донишҷӯ баъди супоридани имтиҳонҳои хатм ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь