Чанде пеш дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Данғара, Фархор, Шаҳритус, хоҷагидорон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ иштирок карданд. Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон мушоҳида мешавад, аз ин рӯ, аз имрӯз сар карда барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳо андешида шаванд.

Корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешавад. Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас мегардад.

Инчунин, раиси вилоят аз мавзеъҳое, ки малахи марокашӣ нав хуруҷ кардааст, боздид намуда, аз ҳолати воқеӣ огоҳ шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь