Давоми соли таҳсили 2022-2023  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  93 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 656 синфхона барои 15773  ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шудааст.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 55743 ҷойи нишаст дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Гуфта шуд, ки  сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Хуросон барои 696 тарбиятгиранда дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь