Дар вилояти Хатлон тӯли се моҳи соли ҷорӣ  5 ҳазору 655 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардида, 2 ҳазору 230 нафари дигар  ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзалзода зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он давоми се моҳи соли 2022-юм  11 ҳазору 43 бекор  муроҷиат карданд, ки аз онҳо 8 ҳазору 812  нафарашон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд. “Аз онҳо 4 ҳазору 802 нафарашон занон ва 4 ҳазору 873 нафари дигарашон ҷавонон мебошанд”, -илова крад ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мудат 5 ҳазору 655 бекор бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва мувақатӣ таъмин гардиданд, ки  ин рақам нисбати соли гузашта 132 нафар зиёд аст.

– Дар ин давра ба ҷуз таъмини ҷойи кор аз ҷониби Раёсати мазкур ва шуъбаву бахшҳои  2 ҳазору 230 нафар сокинони бе шуғл  ба касбомузиӣ ҷалб гардиданд. Аз шумораи мазкур 1 ҳазору 683 нафар занон буда, боқӣ ҷавононон мебошанд, ки ҳамаи онҳо соҳиби шаҳодатнмоаи малакаи касбӣ шуданд, – афзуд манбаъ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь