Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор  маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро тариқи сӯзонидан нобуд кард.

Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии танрдурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, рӯзи 23 майи соли 2023 дар ҳузури комисияи босалоҳият ва бо иштироки намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ 4 ҳазору 402,72 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта ба маблағи 185 ҳазору 371 сомонӣ сӯзонида, нобуд карда шуданд.

Аксари маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, бо дархости худи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ барои несту нобудсозӣ ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон супорида шуданд. Ҳамчунин, қисме аз ин мавод зимни санҷишҳои мутахассисони Сарраёсат аз муомилот  гирифта ва нобуд карда шуданд.

Ба қавли маркази матбуотии Сарраёсат дар қиёс ба солҳои пеш соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ сатҳу сифати хизматрасониро ба маротиб баланд бардошта, маводи доруворӣ, молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, сари вақт аз муомилот гирифта ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь