Соли гузашта дар вилояти Хатлон  кормандони омори вилоят 308 нафар мансабдорро барои додани омори дурӯғ 118 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Дар ин бора  Қурбон Ҳакимзода, сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Манбаъ афзуд, нисбати масъулони корхонаҳое, ки ҳисоботи бардурӯғ ва хато пешниҳод мекунанд, мутобиқи моддаи 515 ҷарима таъйин карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи додани омори бардурӯғ дар соли 2021 нисбат  ба соли 2020 зиёд шудааст.

Соли 2021 шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус, Ёвон, Кӯлоб, Балҷувон ва ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ бештар омори дурӯғ ва хатто пешниҳод кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь