Дар вилояти Хатлон аз 2 миллиону 45 ҳазору 724 нафар гурӯҳои мақсаднок 1 миллиону 161 ҳазору 440 нафар воксани якум ва 876 ҳазору 313 нафар воксани дуюм гирифтанд.

Сардори Раёсати тандурусти вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Носири Хусрав, Ёвон, Хуросон, Данғара,  Кӯлоб ва Восеъ дар гузаронидани воксан дар зинаи авваланд.

– Шаҳру  ноҳияҳои Норак, Кӯшониён, Вахш ва Балхӣ фоизноки воксанзаниашон дар сатҳи паст қарор дорад, – афзуд ӯ.

Итилоъ дода шуд, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  2 миилиону 500 ҳазору 257 воя воксанаи Модерна, Астра-Зеника, Супутник ва дигар намудҳо ворид карда шудаст.

– Ҳоло дар вилоят зиёда аз 500 ҳазор воя воксана захира мебошад, – фзуд ӯ ва илова кард, ки ба хотири эмгузаронӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар  1 ҳазору 200 нуқта ташкил карда шуда, ҳамчунин кормандони соҳаи тиб хона ба хона гашта мардумро воксан мекунанд.

Қайд гардид, ки бояд сокинон ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд ва саривақт дар нуқтаҳои эмгузаронӣ воксан гиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь