Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 1007 сокини вилоят бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуданд.

Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки дар ин дарва ба онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8888 шахси бекор муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора 8293 нафарашон ба қайд гирифта шуда, ба 4047 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст, ки аз онҳо 2311 нафарашон зан ҳастанд.

Гуфта шуд, ки дар 3 моҳи соли равон 78 маротиба намоиши ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар онҳо ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои шакли фаъолияташон гуногун ба ҳисоби миёна дар як моҳ 2688 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд.

Аз раёсати мазкур қайд карданд, ки дар натиҷа 1155 кас барои бо кор таъмин шудан роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 1007 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ таъмин гардида ва 53 кас бо касбомӯзӣ ҷалб шуд, ки дар маҷмуъ 1096 шаҳрванд бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь