Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 1 572 875 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз МИҲД- и вилояти Хатлон хабар доданд, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳавасмандии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли ҷорӣ, №2, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо ғолибони озмун ва омӯзгорону волидайнеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо мешаванд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд. Барои амалӣ намудани чорабинии сатҳи вилоятӣ 524 ҳазору 120 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст. Дар даври вилоятии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъан 126 нафар ғолибон ва 66 нафар омӯзгорон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабар дода шуд, ки бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-480 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор, ки 8 январ, таҳти №1 имзо шудааст, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмун тасдиқ гардидааст.

Барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯз омадаанд, инчунин хароҷоти изофии озмун 578 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин озмун ҳам барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь