Дар ҳама шӯъбаҳои  беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Сардухтури беморхонаи мазкур Хушнуд Баҳодурзода гуфт, ки ин ҳама корҳои сохтмонӣ дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба роҳ монда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин беморхона бо дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҳукумати вилоят, соҳибкорон ва худи кормандони беморхона ба роҳ монда шудааст.

Гуфта шуд, ки солҳои тӯлонӣ табибону беморони беморхона аз камбуди об азият мекашид. Хушбахтона, ин мушкил рӯзҳои наздик пурра ҳал ва ҳама шӯъбаҳо бо об таъмин хоҳанд шуд.

– Баъди таъмиру навсозии шуъбаҳо шароити хизматрасонии тиббӣ ба корафтодагон бозҳам беҳтар хоҳад шуд, – илова кард сардухтур.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь