Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар чаҳор номина таъсис дода шуд.

Ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ғолибони ҳар номина бо диплом, медал ва 5000 сомонӣ мукофот қадрдонӣ хоҳанд шуд. Маросими супоридани ҷоиза ҳар сол  дар Рӯзи фалак (10 октябр) ба ғолибони озмуни вилоятӣ, ки дар ҷодаи фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс, офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театрӣ ва ҳаҷв саҳм мегузоранд, тақдим карда мешавад. Довталабони ҷоиза ҳунармандоне бояд бошанд, ки  аз 18 то 50-сола буда,  дар муассисаҳои фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь