Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи кории баррасии вазъи зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ – аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» корҳои муайянеро ба анҷом расонида, нақшаи чорабиниҳои иборат аз 20 банд оид ба ин масъала тасдиқ карда шудааст. Дар ин давра аз тарафи ситоди вилоятӣ 4 маротиба бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо ситоди зимистонгузаронӣ доир шуд.
Муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, аз рафти омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода зимни ироаи гузориши худ гуфт, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон 61 анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо иқтидори 15026 тонна ва 66 адад сардхона бо иқтидори 24025 тонна барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд.
– Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар сардхонаҳо ва анборҳо 1394 тонна полезӣ ва мевагиҳо захира гардидаанд. Аз ҳисоби соҳибкорон дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят 6460 тонна орд, 1220 тонна равғани растанӣ, 3700 тонна картошка, 4300 тонна пиёз, 2200 тонна сабзӣ, 1830 тонна биринҷ ва 1520 тонна шакар барои захира ба нақша гирифта, то 1 декабр захираи ин анвои маҳсулот аз 100 то 105,7 дарсад иҷро шудааст, – иброз дошт Заробиддин Файзуллозода.
Аз дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят таъминоти ангишт 11866 тонна ё 100,5%, таъминоти ҳезум 24963 м3 ё 102,3%, таъминот бо сӯзишвории дизелӣ бошад, 61865 литр ё 102% ва шишабандӣ 100 фоиз иҷро гардидааст. Дар мувозинаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо 312 дегхона мавҷуд буда, 213 адад он дар ҳолати корӣ қарор дорад. Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронӣ 14068 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 31 тонна ангишт, 167 метри мукааб ҳезум, 46346 тонна сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта, 168 адад техника дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Леваканд, Вахш, Восеъ, Муъминобод, Шаҳритус ва дигарон ҳисоботҳо манзур гардида, аз камбудиву мушкилҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.