Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз то якуми январи соли 2023 бештар аз  168 миллиону 211 ҳазор сомониро ташкил медод, ки он дар 9 моҳи соли ҷорӣ 171 миллиону 998 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба аввали сол 3 миллиону 786 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Ҳамчунин шаҳри Левакант ва ноҳияҳои Панҷу Ёвон натавонистанд ба пурагӣ аз иҷрои қисми дармади буҷет бароянд.

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки қарзи андоз дар 6 шаҳру ноҳия – Бохтар, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Данғара ва Темурмалик нисбат ба аввали соли ҷорӣ бештар гардидааст ва дар 19 шаҳру ноҳияҳои дигар бақияи қарзи андоз кам карда шуд.

Дар ин давра ноҳияи Панҷ,  Ёвон ва шаҳри Левакант натавонистанд аз иҷрои нақшаи андозҳо ба пурагӣ бароянд ва аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 8 миллион сомонӣ маблағ  ворид нагардидааст.

Дар маҷмуъ, давоми 10  моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон нақшаи қисми дармади буҷет 103,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 71 миллиону 170,9 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд ворид карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь