Телефонҳои боварии раиси вилояти Хатлон барои ҳали мушкилоти ҷомеа, саривақт бартараф кардани он ва пешрафту шукофои кишвар фаъол гардидааст.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ба хотири беҳтарсозии кор, огоҳ будан аз мушкилоти мардум телефони боварии раиси вилояти Хатлон бо рақами (+992) 979 16 16 16 дар шабакаи Whatsapp (Вотсапп) ташкил шудааст.  Шаҳрвандон метавонанд бевосита камбудиву мушкилоти ҷомеаро тариқи матн ва аксу навор ба ин рақам фиристанд, гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.

Гуфта мешавад, бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилот масъулин вазифадор карда шуда, барои ислоҳи он чораҷӯӣ карда мешавад. Инчунин, аз натиҷаи баррасии муроҷиат ба шаҳрванд хабар расонида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь