Дар мардикорбозори шаҳри Бохтар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гашта, аз ҷониби ҶСП ҶунтайДанғара син силу текстил”  барои 500 корҷӣ ҷойи кор бо маоши 1,5 то 2000 ҳазор сомонӣ пешниҳод шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар яке аз нуқтаҳое, ки корҷуён дар шаҳри Бохтар ҷамъ мешаванд, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил кардаву гузарониданд, – дар ин бора сухангӯи раёсати мазкур хабар дод.

Гуфта шуд, ки дар рафти ин ярмарка мутахассисони Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо мардум вобаста бо бехатарии муҳоҷирон, қоидаҳои будубош дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ва роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ сӯҳбат карда ба онҳо варақаҳои иттиллоотӣ пешниҳод карданд.

Ба иттилои манбаъ  дар ин ярмарка, ки бештар ташкилоту идораҳои ноҳияи Кӯшониён ҷойҳои холии кори худро пешниҳод карданд, ҳамчунин ширкати ҶСП “Ҷунтай-Данғара син силу текстил” низ ширкат кард.

Ширкати номбурда барои корҷуён 500 ҷойи кор аз рӯйи ихтисосҳои барқгар, дӯзанда, кафшергар, бофанда, ресанда, таъмиргар ва рангуборгар пешниҳод кард.

Дар маълумотномаи ин ширкат омадааст, ки кормандон бо ҷойи хоб, нақлёт ва як вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Музди меҳнат дар давраи таҷрибаомӯзӣ 1300 сомонӣ ва баъди ба кори доимӣ гузаштан аз 1,5 ҳазор то 2 ҳазор сомонӣ мебошад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират ба бахшу шуъбаҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур додааст, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон манъ аст, барои кор ба ин ширкат тавсия бидиҳанд.

Бояд гуфт, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират ҳамеша баҳри таъмини муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудушон ба Руссия ва дигар кишварҳо манъаст бо ширкатҳое, ки бо саҳми хориҷиён дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд, корбарӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь