Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба 256 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар хилофи талаботи қонун будан эътироз оварда шудааст, ки 92 адади онҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳои амалкунанда марбут аст.

Қисми зиёди қарорҳое, ки эътироз оварда шудаанд, ба масъалаи замин алоқманд мебошанд. Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Прокурор афзуд, аз 256 эътирози прокурорӣ ба  қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, 34 ададаш  ба ноҳияҳои Кӯшониён, 17 адад ба ноҳяи Восеъ, 15-ададӣ ба ноҳияҳои Муъминободу Балҷувон,  12-ададӣ ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Балхӣ ва Ховалинг рост меояд.

Номбурда итилоъ дод, ки дар маҷмуъ аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тули шаш моҳи соли ҷорӣ 97 санҷиш гузаронида шуда, 3794 қоунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри бартарафсозии онҳо ба унвони роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1458 санади прокурорӣ дода шуда, бо натиҷаи барасии онҳо 1973 кас ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

“Ҳамчунин барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо аз ҷумла ҷиноятҳои мансабӣ ва характери корупсионидоштаи марбут ба замин 300 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.  Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 4346 га қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақисмгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуданд”, – гуфт Раҳимзода Абдураҳим.

Ҳамчунин ӯ илова кард, ки аз 300 парвандаи ҷиноятии оғозардида 45 парванда нисати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул, аз ҷумла 21 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисон ва кормандони ҷамоати шаҳраку деҳот, 5 адад нисбати кормандони шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, 4 адад нисбати кормандони Кумитаи идораи замин, 4 адад нисбати кормандони корхонаҳои давлатии фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳо, 2 адад нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ, 4 адад нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 адад нисбати дигар шахсони мансабдор мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь