Ҷавонони вилояти Хатлон дар ду моҳи соли ҷорӣ 118 ҷиноят содир кардаанд, ки нисбати соли гузашта 37 ҷиноят кам мебошад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон иттилоъ дод, аз ҷиноятҳои содиршуда 98 дарсадашро дуздӣ ташкил медиҳад.

– Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Фархор, Ҳамадонӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷинояткори миёни ҷавонон нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷинояткори нисбатан кам гардидаст, – илова кард ӯ.

Гуфта шуд, аз 118 ҷинояте, ки ҷавонон содир кардаанд, 5 ҳолаташ аз ҷониби духтарон мебошанд. Ҷиноятҳоро аслан ҷавононе содир мекунанд, ки аз таҳсил дур мондаанд, ё бекор ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь