Соли гузашта аз ҷониби ҷавонони вилояти Хатлон 1 ҳазору 133 ҷиноят содир гардидаст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 434 ҷиноят кам аст.

Аловиддин Амирзода

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кор бо  ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Аловиддин Амирзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бештари ҷиноятҳои содиркардаи ҷавонон дуздӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 аз ҷониби ҷавонони вилоят 35 ҳолати худкушӣ рух додаст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 9 ҳолат кам аст.

– Баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва худкушии ҷавони вилоят аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои он ҳама чораҳо андешида мешаванд, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь