Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аввалин бинои истиқоматии 25-ошёна бунёд мешавад, ки ин бино симои шаҳро ба куллӣ тағйир хоҳад дод.
То кунун дар вилояти Хатлон чунин бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд нашуда буд, ин бино аз ҷониби соҳибкорон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёд шуда истодааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёд, таъмир ва азнавсозии 494 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст, ки то имрӯз қисми зиёди онҳо сохта ба истифода дода шудааст.Айни замон сохтмони 103 иншоот дар шаҳру деҳоти Кӯлоб идома дорад.
Блоки рекламавӣ