96 миллиону 452 ҳазор қарзи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон аз барқ бо қарори Ҳукумтаи кишвар ҳисобаробаркунӣ карда шудаст, аммо то ҳол 111 миллиону 191 ҳазор сомонӣ қарзи андоз ва об дар Раёсати мазкур боқӣ мондааст.

Сармутахасиси Раёсати мазкур Сафаралӣ Исмоилов дар суҳбат ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ҳоло идораҳои зертобеъи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон аз андоз 33 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин қарз нисбати се моҳи соли 2022-ум 6 миллиону 356 ҳазор сомонӣ  афзоиш ёфтааст.

“Аз ҳама бештар Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Кӯшониён-12 миллиону 494 ҳазор сомонӣ, Ҷомиӣ- 3 миллиону 549 ҳазор сомонӣ, Вахш-3 миллиону 420 ҳазор сомонӣ, Фархор-2 миллиону 595 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи  Восеъ 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор мебошанд”.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар назди Раёсат Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят 77 миллиону 191 ҳзаор сомониро ташкил мдеиҳад, ки ин қарз ҳам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 288 ҳазор сомонӣ ззиёд шудааст.

Ба қавли Сафаралӣ Исмоилов, дар назди Раёсат “Зерҳавзаи Кофарниёни Поён”, ки дар он он се ноҳия, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав вобаста шуданд, 10,5 миллион сомонӣ, Дӯстӣ-9 миллиону 653 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён-10 миллион сомонӣ, Ҷайҳун-7,7 миллион сомонӣ, Фархор-9,4 миллион сомонӣ  ва Восеъ 2.6 миллион сомонӣ қарздор мебшанд.

Ин шахси масъул гуфт, ки барои маҷбуран баргардонидани қарзҳо аз ҷониби роҳбарияти Раёсат ба Прокуратура мактуб пешниҳод карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь