Дар ағбаҳои “Левакант”, “Фахробод” ва “Султонобод”-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар рӯзҳои бориши барф ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин буда, барои тоза кардани онҳо аз барф беш аз 15 техникаи роҳдорӣ сафарбар шудаанд.

Сардори Муассисаи давалтии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Исмон Тағоибекзода, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, аз шаби 15-декабри соли ҷорӣ, ки дар вилояти Хатлон барф борида истодааст, ба ағбаи “Султонобод” 5 техника, ба ағбаи “Фахробод” 6 техника ва ба ағбаи Левакант 4 техника ва садҳо нафар кормандро сафарбар кардаанд.

– Дар ин се ағба ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра таъмин буда, маводи зидди лағжиш саривақт пошида шудааст, – илова кард ӯ ва гуфт, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ҳама техникаҳо барои тоза кардани роҳҳо аз барф ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт сафарбар карда шудаанд.

Номбурда гуфт, ки ҳоло  дар анборҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгради 14 шаҳру ноҳияии минтақаи Бохтар 6140 куб маводи зидди лағжиш ва 21 тонна  сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин 73 техникаи роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф сафарбар шудаанд.

Утоқҳои кории кормнадон пурра омода гашта, барои гарм нигоҳ доштани утоқҳо 20,3 тонна ангишт,  59 куб ҳезум харидориву захира карда шуда, ҳамаи кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шудаанд, илова кард номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь