Бо зиёд шудани беш аз 27 ҳазор хонанда дар як соли охир дар вилояти Хатлон мушкилоти ҷойи нишаст ба миён меояд, ки барои таъмини ин миқдор хонанда бо ҷойи нишаст ҳар сол бояд на камтар аз 100 мактаби дорои 10 синфхона бунёд карда шавад.

– Яке аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҳамасола зиёд шудани теъдоди хонандагон мебошад, – дақиқан чунин гуфт сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода ва онро “модари тамоми мушкилоти дигари соҳаи маориф” номид.

Ба қавли сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон соли таҳсили 2022-2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 27 ҳазор хонанда зиёд шудааст, ки барои таъмини онҳо бо ҷойи нишаст, зарурати дар як сол бунёди беш аз 100 муассисаи таълимии дорои 10 синфхона лозим мешавад, то ин мушкил бартараф шавад.

– Бо вуҷуди ин эҳтиёҷот ба омӯзгор, мизу курсӣ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ ва амсоли ин дигар масъалаҳои муҳимро дар худ мушкил пеш мегузорад, – илова кард Ғазалшо Сафарзода.

Ба иттилои ӯ соли хониши 2022-2023 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад дар вилояти Хатлон 85 иншооти соҳаи моариф иборат аз 579 синфхона барои 13 ҳазору 848 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудаст.

– Айни замон дар 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф иборат аз 2 ҳазору 325 синфхона барои 55 ҳазору 743 ҷойи нишаст идома дорад, – қайд кард номбурда.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили гузашта дар вилояти Хатлон 1375 муассисаи таълимӣ фаъолият карданд, ки дар онҳо зиёда аз  844 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь