Прокуратураи   вилояти   Хатлон ҳолати  иҷрои  қонунгузории  андозро  дар   давоми  нимсолаи аввали соли   2024    мавриди   таҳлилу  ҷамъбаст  қарор   дод.

Муайян  карда  шуд, ки  бо  қарори Маҷлиси вакилони халқи  вилояти   Хатлон  аз   25-уми  декабри  соли  2023 таҳти  № 615,  ҳаҷми  умумии  даромади  буҷети  вилоят  дар  давоми 5 моҳи соли  2024  аз  ҳамаи  манбаҳои  маблағузорӣ  ба  маблағи  1371,5 млн.  сомонӣ,  аз ҷумла  аз  ҳисоби  мусоидати  молиявӣ (субвенсия)  аз  буҷети  ҷумҳуриявӣ  ба  маблағи   436.2 млн. сомонӣ  тасдиқ  карда  шудааст.

Ҳаҷми  хароҷоти  буҷети  вилоят  бошад,  ба  маблағи  1371,5 млн.  сомонӣ  тасдиқ  карда  шуда, иҷроиши он ба мабалағи 1330,0 млн. сомонӣ ё худ 97 % таъмин карда шудааст.

Ба ҳолати 1 июни соли 2024  иҷрои   нақшаи  қисми  даромади  буҷети маҳаллии вилояти Хатлон бе назардошти  маблағҳои  мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамагӣ даромадҳо ба қадри   100 %  таъмин  гардида,  ба  буҷети  вилоят 904,2 млн сомонӣ   ворид   гардидааст, ки нисбати нақша 1,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар  вилояти  Хатлон  11 шаҳру  ноҳияҳо ва  идораҳои  вилоятӣ  ба  шаҳру  ноҳияҳои  ғайримусоидати  молиявӣ  дохил  буда,  фаъолияти  молиявии  иҷтимоӣ  иқтисодӣ   дар  доираи  буҷети  худ  амалӣ  намуда,  боқимонда  14  шаҳру  ноҳияҳо  мусоидати  молиявӣ (субвенсия)-и  давлатӣ гирифтанд.

Таҳлил  нишон  дод, ки  тибқи  нақшаи  пешбинишуда   ба ҳолати 1 июни соли  2024  аз  ҳисоби  буҷети  ҷумҳуриявӣ  ба қисми  даромади  буҷети  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  ба  андозаи  436,0 млн. сомонӣ   ва аз ҳисоби буҷети вилоят тибқи нақша 89.5 млн. сомонӣ  мусоидати  молиявӣ (субвенсия) пешбинӣ шуда ,  ба буҷети  шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст.

Маблағҳои ҷудо гардидаи мусоидати молиявӣ  (субвенсия)  асосан барои пардохти музди меҳнат  ва  фонди  нафақа равона гардида,  дар  ин самт хароҷот гардида, ҳодисаҳои  аз  тарафи мақомоти молия  ва  андоз бе асос баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохта шудаи андоз   аз  арзиши иловашуда  ва  анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо  бо   буҷа (кам  кардани  қарздории субъект  аз  намудҳои дигари андоз)  ҳангоми барзиёд пардохтани андоз   аз  арзиши иловашуда ҷой надоранд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2024 иҷроиши нақшаи даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи  1316,6  млн.  сомонӣ ё худ 100,7 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақша 8,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз  ҷумла,  андозҳои давлатӣ  ба   маблағи  902,7 млн. сомонӣ,  ё  худ 100,1 % ба  буҷети давлат ворид  карда  шуда,  иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ   ба  маблағи 413.8  млн.  сомонӣ ё худ 101,9 %    ба  иҷро расонида шудааст.

Муайян карда шуд, ки ба   ҳолати  1  январи   соли   2024  қарзи ташкилоту муассисаҳо ва  субъектони андозсупоранда  дар  назди  буҷет  ба  маблағи  166,2  млн.   сомонӣ   ташкил дода,  дар  давраи таҳлилӣ ба  ҳолати  1  июни соли   2024  он ба   159,5 млн.  сомонӣ расидааст,  ки нисбат  ба  аввали сол  6,7  млн. сомонӣ  кам  гардидааст.

Нақшаи даромадҳо,  пардохтҳои давлатӣ  ва   андози иҷтимоӣ дар Нозироти андози андозсупорандагони калон  дар   вилояти Хатлон дар  давоми 5 моҳи  соли  2024-ум  364.0 млн сомонӣ тасдиқ гардида, иҷроиши он ба ҳолати 1 июни  соли 2024   ба андозаи 327.4 млн. сомонӣ ё худ 90,0 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақшаи дар назардошта 36,7 млн. сомонӣ кам мебошад. Аз   ҷумла,  андозҳои давлатӣ  ба   маблағи  289.9 ҳазор сомонӣ,  ё  худ   89,0 %   ба   буҷет ворид  карда  шуда,  иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоӣ   ба   маблағи    37.5 млн. сомонӣ ё худ 97 %  ба  иҷро расонида шудааст.

Аз  андозҳои амалкунанда иҷроиши   3  намуди   он пурра таъмин нагардидааст, аз ҷумла андози даромад 88,9 %, иҷтимоӣ 96,8 % ва андози захираҳои табиӣ 33,0 %, боқимонда нақшаи андозҳо пурраю барзиёд таъмин гардидааст.

Нақшаи қисми даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоиро дар ин давра ғайр аз  шаҳру ноҳияҳои Бохтар 92,0 %, Кӯшониён 97,0 %, Ҷайҳун 83,0 %, Ёвон 67,0 %,  Ховаланг 87,0 % ва буҷети вилоят 97,0 % дигар шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ ва барзиёд таъмин намудаанд.

Дар ин давра  аз  ҷониби  Раёсати  андоз  дар вилояти  Хатлон дар давраи таҳлилӣ  дар  фаъолияти 869  андозсупорандагон  назорати  камералӣ   ба   амал  бароварда шуда, бо натиҷаи  он  ба  маблағи  57,5 млн. сомонӣ  андози маблағҳои эҳтимоли андозҳо ҳисоб карда шуда, ба субъектони  андозсупорандагон огоҳнома дода шудааст, ки аз тарафи  андозсупорандагон  ба  маблағи  42,3  млн. сомонӣ  эъломияи   иловагии   андоз   пешниҳод   карда  шуда,  аз  маблағи   иловагӣ ҳисобшуда 3.2 млн.  сомонӣ аз   ҳисоби  ҳақдорӣ   пӯшонида  шуда,  ба  маблағи   35,7  млн. сомонӣ   пардохта  шудааст. Дар ин давра тибқи огоҳномаҳо ба маблағи 4,1 млн. сомонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҷониби андозсупорандагон пешниҳод гардидааст.

Дар  давраи ҷамъбастӣ  аз  тарафи гуруҳи назорати иҷрои конунгузории андози прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ  бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо вобаста  ба  назорати таъмини иҷрои қонунгузорӣ  дар  соҳаи андоз корҳои муайяне ба сомон расонида шуда,  вазъи риояи қонунгузории андоз  дар  ҷойҳо 89 (88)  маротиба санҷида шуда, 2203 (2074) қонунвайронкуниҳои ошкор карда шуда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз  ба  субъектони андозсупоранда 948 (877)  адад амр  дода  шуда,  тибқи амрҳо  ба   буҷет бо  рамзи  “64”   маблағи  55,5 млн.   сомонӣ (  55.5)  ворид  карда  шудааст.

Инчунин  аз  тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта  ва  сабабу шароитҳои  ба  он  мусоидаткарда 127 (122) пешниҳод ирсол  карда шуда, аз  руи баррасии онҳо  ва  қарорҳои прокуророн нисбати 87 (82) нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, нисбати 673 (622) нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон  дар давраи ҷамъбастӣ  ба 313 (283)-адад қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор  дода  шуда,  пурра қонеъ гардида,  ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ   карда  шудаанд.

Дар  рафти санҷишҳои прокурорӣ  бо  ҷалби мутахассисони соҳавӣ  дар  фаъолияти субъектони андозсупоранда аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 (21) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  карда  шуда,   мавриди пешбурди тафтиши пешакӣ қарор  дода   шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон тибқи нақша-чорабиниҳои прокуратураи вилоят ва гуруҳи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторнги қонунгузорӣ ва кор бо матбуоти прокуратураи вилоят дар 130 ташкилоту муассисаҳо бо шаҳрвандон вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шуда,тариқи васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) низ баромадҳои зиёде анҷом дода шудаанд

Прокуратураи вилояти Хатлон   минбаъд ҳам  кӯшиш  ба харҷ медиҳад, ки  назоратро  дар  ин самти назоратӣ пурзӯр намуда, сифату самаранокии санҷишҳои прокурориро     баланд  бардошта, оиди ҳар  як  камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргашта саривақт чораҳои таъсиррасонии прокурориро андеша, зеро сари вақт иҷро намудани нақшаи андозсупорӣ кафили рушди давлат ва беҳшавии зиндагии шаҳрвандони кишвар  аст.

Муродализода Сӯҳроби Давлат,

ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунгузории андоз шаҳри Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь