Бо мақсади боздид аз сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва тезонидани раванди кор раиси вилоят аз бинои забҳхонаи паранда дар шаҳри Бохтар дидан кард.
Бинои забҳхонаи паранда бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат, ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Холназар Сафаров таъсис ёфтааст.
Тавре хадамоти матбуотии ҳукумпти вилоят иттило дод забҳхона аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад. Инчунин, дар ҳудуди забҳхона бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, коррезӣ ва селпарто гузаронида шудааст. Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 10 дараҷа хунукӣ иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад.
Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои хориҷӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харидорӣ карда шуда, асбобҳои забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода карда шудаанд. Иқтидори корхона дар як сол зиёда аз 300 тонна мурғи гуштӣ пешбинӣ шудааст. Дар коргоҳ барои 50 нафар коргар ва мутахассис ҷойи нави корӣ таъсис ёфта шаҳрвандони шаҳри Бохтарро бо ҷои корӣ доимӣ таъмин мекунад, ин ҳам барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ривоҷу равнақ додани рушди соҳаи саноатӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад.
Раиси вилоят ба масъулини шаҳр ҷиҳати тезонидан ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани боқимонда корҳо бо сифати баланд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгу дастуру супоришҳо дод.