Дар аввали соли таҳсили 2021-2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар се баст фаъолиятдошта дар вилояти Хатлон  ба 17 адад расида буд, ки аз онҳо 8 ададаш ба ду баст гузаронида шуд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки муассисаҳои себаста айни замон дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Кӯлоб се адад, Восеъ, Ҷомӣ ва Кушониён якададӣ мебошанд.

Сардори Раёсати маориф ҳамчунин итилоъ дод, ки иншооти қисман садамавӣ, ба сохтмон ва таъмири асосӣ ниёздоштаи соҳаи маорифи вилоят 79 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора дар 43 ададаш корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, бо маром идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь