Сокини шаҳри Бохтар Тухтаева Гулсара Азизовна бо итиҳоми тамаъҷуӣ ва боҷгирӣ (шантаж) нисбати Тураев М. А бо моддаи 250 қисми 2 банди “а” 7 сол зиндон шуд.

Ба иттилои Муҳиддинзода Сайфиддин Салоҳ, муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар, сокини шаҳри Бохтар Гулсара Тухтаева  бо Тураев М. А шинос шуда,  муносибати маҳрамона менамоянд. Баъди чанд вақт Гулсара Тухтаева бо нишон додани акс ва навори муносибатҳои маҳрамонаашон ба шаҳрванд Тураев М. А бо паҳн кардани навору аксҳо ва фиристодани онҳо ба модари ӯ таҳдид  карда маблағ талаб мекунад. Тураев ба Тухтаева барои фош накардани ин наворҳо 620 сомонӣ пешниҳод мекунад. Гулсара Тухтаева ин маблағҳоро гирифта, баъди чанд рӯз боз  таҳдид ва талаби маблағ мекунад. Тураев М. А аз руи Тухтаева Гулсара ба мақомоти дахлдор шикоят мебарад.

– Аз руи шикояти Тураев М. А тафтишот бурда шуда, суди шаҳри Бохтар Тухтаева Гулсараро бо моддаи 250 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 7 соли зиндон маҳкум намуд, – изҳор дошт Муҳиддинзода Сайфиддин Салоҳ.

Тибқи иттилоъ ҳимоятгари маҳкумшуда аз руи ҳукми суди шаҳри Бохтар ба суди вилояти Хатлон шикоят бурдааст, суди вилояти Хатлон парвандаро барасӣ карда ҳукмро бетағийр гузоштааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь