Дар вилояти Хатлон тӯли чор моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби шахсони саховатманд, соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ 7 бунгоҳи саломатӣ бо харҷи 4 миллиону 134 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки иншоотҳои сохташуда 3 ададаш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва якададӣ дар ноҳияҳои Балхӣ, Кушониён, Муъминободу Темурмалик мебошанд.

– Чор иншоот аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатӣ бо харҷи 3 миллиону 838 ҳазор сомонӣ ва се адади дигар аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон наздики 696 сомонӣ сохта шудааст, – илова кард ӯ.

Ба иттилои номбурда дар 48 иншооти соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмон ҳоло идома дорад.

Шарифзода илова кард, ки аз ҷониби Лоиҳаи “Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят барои таъмири 95 маркази саломатии деҳоти шаҳру ноҳияҳо кор шуруъ шуда, ҳоло таъмир дар 38 маркази саломатӣ оғоз ва 42 маркази саломатии деҳот пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь