Дар вилояти Хатлон соли 2023-юм 66 ҳазор кас бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гаштанд, ки ин нисбати солҳои қабли хеле зиёд аст.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ ба “Фараж” хабар дод, ки аз ин миқдор ҷойи кории ташкилшуда 58 ҳазору 960 ҷойя зз ҳисоби шахсони воқеӣ мебошад.

Ӯ иттилоъ дод, ки дар ин сол беш аз 13 ҳазор нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ таъмин гардиданд, ки аз он 6 ҳазору 649 нафар тариқи ройгон дар марказҳои ин Раёсат ба касбомӯзи ҷалб шудаанд.

Гуфта шуд, ки соли 2023-юм ба Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 38 ҳазор нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карданд, ки 34,4 ҳазорашон ба қайд гирифта шуда, 25 ҳазору 700 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, кт аз онҳо 12,7 ҳазор нафарашон зан мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь