Айни замон дар вилояти Хатлон 125 мошини ёрии таъҷилӣ фаъолият доранд, ки аз ин 31 мошин таъмирталаб мебошанд.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода Сайдулло зимини нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин нақлиёт 60 дарсадашро мошинҳои тамғаи «Чанху» (ба истилоҳ «Тангем») ташкил медиҳанд, ки онҳо тамоман ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд.
Соли гузашта аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад ба вилоят беш аз 12 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ворид карда шудааст.
Ҳоло танҳо дар шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб то андозае хизматрасонии нақлиёти ёрии таъҷилӣ хуб мебошад. Хизматрасони нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигар ба талабот ҷавобгӯ нест.
Раҳмоналӣ Додархӯчаев
Блоки рекламавӣ