Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар вилояти Хатлон 51 кас дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуданд, ки аз 26 нафари онҳо ноболиғонанд, гуфт  Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиааи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои ӯ, ғарқшавӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Левакант 6 кас,  А.Чомӣ 7, Ёвон 5, Кушониёну Данғара 4,  Дӯстӣ, Ховалинг, Муъминобод, Бохтар 3 ва боқӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудааст.

Номбурда илова кард, ки аз 51 нафари ғарқшуда  то даҳсола 19 нафар, 10-18-сола 17 нафар, аз 18-45-сола 15 нафарро ташкил медиҳад

Сабаби ғарқшавии сокинон, касалии руҳӣ 2 нафар, худкушӣ 2 нафар, бо сабаби аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан 7 нафар,  бемасъулиятии падару модарон 19 нафар,  нӯшидани машруботи спиртӣ 2 нафар,  ҳангоми обозӣ 16 нафар, ҳангоми убр кардани об 2 нафар ва ҳангоми чаронидани чорво 1 нафарро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь