18-уми ноябр гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазир Нодирӣ Шаҳноза Анвар аз вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон дидан карданд.

Дар ин сафар муовини вазирро сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ҳамроҳӣ кард. Бояд гуфт, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №518 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024»  дар маҷмуъ 410 оила, соли 2022 теъдоди 135 оила, аз шаҳри Бохтар 5 оила, ноҳияҳои Дарвоз 5, Ишкошим 10, Левакант 5, Кӯшониён 15, Восеъ 20, Темурмалик 10, Муъминобод 15, К. Мастчоҳ 15, Тоҷикобод 5 оила ба ноҳияи Хуросон ва дар ҳудуди ноҳия 30 оила бояд кӯчонида шаванд.

Ичунин, тибқи нақша давоми солҳои 2023-2024 аз  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ноҳияи Хуросон 275 оила бояд кӯчонида шаванд, аз ҷумла, соли 2023 ба ноҳияи Хуросон-135 оила, (дар ҳудуди ноҳияи Хуросон 35 оила ва аз шаҳри Бохтар 5 оила, ноҳияҳои Дарвоз 5, Ишкошим 15, Левакант 5, Кӯшониён 15, Восеъ 10, Темурмалик 20, Муъминобод 10, К. Мастчоҳ 10, Тоҷикобод 5 оила). Соли 2024 бошад  ба ноҳияи Хуросон 140 оила, (дар ҳудуди ноҳияи Хуросон 35 оила ва аз шаҳри Бохтар 5 оила, ноҳияҳои Дарвоз 5, Ишкошим 10, Левакант 5, Кӯшониён 20, Восеъ 20, Темурмалик 10, Муъминобод 15, К. Мастчоҳ 15, Тоҷикобод 5 оила).

Айни замон кор дар ин самт аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои номбурда идома дорад.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь