Имсол кишоварзони вилояти Хатлон тибқи дурнамо бояд  дар майдони 10 ҳазору 700 гектар пиёз кишт мекарданд, ки то имрӯз дар майдони 9 ҳазору 911 гектар пиёз кишт шудааст. Нақшаи кишти пиёз нисбати соли гузашта беш аз 115 гектар кам аст.

Сорбон Юсуфов, як масъули Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба “Фараж” иттилоъ дод, тибқи нақша бояд аз ин майдон 406 ҳазору 829 тонна пиёз ҷавмъоварӣ шавад.

– Ҷамъоварии пиёзи барвақтї дар ноҳияҳои Панҷу Ҷайҳун рӯзҳои наздик оғоз мегардад, – илова кард ӯ ва гуфт ҳоло дар минтақаҳои кӯҳистон кишти пиёз идома дорад.

Айни замон дар бозорҳои вилояти Хатлон нархи як килограм пиёз 3 сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь