Аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон дар соли 2024-ум барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта 31 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ беш аз 10 миллионаш маблағгузорӣ шудааст.
Аз Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки сол то сол маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар вилоят зиёд гаштааст. Гуфта шуд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик-503 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён-400 ҳазор сомонӣ, шаҳри Кӯлоб-1 миллиону 685 ҳазор сомонӣ, Восеъ-350 ҳазор сомонӣ ва ҳамин тавр дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъмирии роҳҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ сурат гирфитааст. Дар баробари ин боз бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо карда мешавад.