Дар вилояи Хатлон сохтмони 28 иншоот солҳо боз нотамом боқӣ мондаанд, ки омили асосии бунёд нашудани онҳоро масъулони Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон бо сабабаҳои молӣ маблағгузорӣ нашудан, арзёбӣ карданд.
Сардори ниҳоди мазкур Абулвоҳид Саъдуллозода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки аз 28 иншооти нотамоми зери идораи онҳо 12 адади он дар соҳаи моариф мебошад, ки ҳоло дар се сохтмон кор идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки омили асосии саривақт бунёд нашудани иншооти мазкур кифоя набудани маблағ мебошад ва дар сурати ҷудо гардидани маблағ сохтмонҳои “яхбаста” пурра сохта ба истифода дода мешаванд.
Номбурда илова кард, ки барои бунёди чанде аз иншооти нотамом имсол аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 7 миллиону 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ 3 миллиону 657,2 ҳазораш барои корҳои сохтмониву васлгарӣ сарф мешавад.